Ваҳдат- таҳкими сулҳу салоҳ ва ризояти байни халқҳо аст.

Ёвон: Андеша  

Дар набарди зиндагӣ ба хотири осудагии мардум, ободии Ватан   шуъла задану афрухтан, мардонавор паси сар кардани сахтиву душвориҳо шарафи бузургест, ки на ҳар кас зарфияти таҳаммули онро дорад.

Ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Пешвои миллат аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Ваҳдати миллӣ нақшбанди  озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоз ва сафҳаи тозатарини  тақдири миллати мост. Оини  муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эҳёгарӣ дониставу ба он такя намудаанд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат нахустҷоизаи олӣ – медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо» дар байни сарони кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насиби Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати  Тоҷикистон гардид, ки ин шаҳодат аз нерўи азими сиёсатмадорӣ, истеъдоди нодири сулҳоварӣ буд ва арҷгузории дунёи мутамаддин ба як нафар сиёсатмадори  мушкилписанд, кафили фардои мусаффо ва қосиди  сулҳи босубот гардид.

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии Пешвои миллат мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омўзиш қарор гирифтааст.

Саёҳат Абдуллозода-узви КИМ ҲХДТ