ИСТИҚЛОЛИЯТ-МАРҲИЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷайҳун: Андеша  

Тоҷикистони азиз 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро сипарӣ намуд истодааст. Агар таърихи Истиқлолияти давлатии мо сеяк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғозу саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии  дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ  мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳила маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт.

Танҳо 9-уми сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд. Бинобар ин вақти сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на саннаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошанд, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “Миллати куҳан ва давлати ҷавон”– ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо маҳз ҳамин аст.

          Қадами таърихии дигаре, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар ин давра  сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами миллии давлати соҳибистиқлоли мо буд. Чунон, ки маълум аст, Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрав мебошад ва боло шудани он рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад. Бо таваҷҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз пас аз қабули Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ амалан пурраю комил гардид.

         Ҳамзамон, талошҳои ҷиддитари сиёсӣ барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ идома меёфтанд. Музокироти сулҳи тоҷикон чандин сол тӯл кашида, дар ҳашт даври гуфтушунид чандин санаду созишномаи муҳим ба имзо расиданд. Нуқтаи авчи ин музокирот имзои “Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” (Москва, 27-уми июни соли 1997) буд, ки ҳамасола мо солгарди ин санаро бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн мегирем.   Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафи чандин даҳсола қафо партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобию хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул  намоянд. Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд.

         Вақти сулҳу ваҳдати сиёсӣ барқарор шуд, вазифаи бисёр муҳими дигари давлатдории мо сохтани роҳҳои муосири мошингард, нақбҳо, шабакаҳои интиқоли барқ ва ғайра буд, ки бояд ваҳдати миллиро боз ҳам устувору пойдор месохтанд. Хушбахтона, имрӯз ин роҳу нақбҳо на танҳо пайвандгари минтақаҳои кишвар, балки пайвандгарии  руҳу равон ва дилҳои мардуми саросари кишварамон гардидаанд. Дар айни замон Истиқлолияти давлатӣ ба  мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувории сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

         Илова бар ин, Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки кишвар ва мардуми худро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва ҷойгоҳи мустақил ва сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем. Ба хотири манфиатҳои миллии кишварамон мо ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушода”-ро  интихоб намудем, ки дар тамоми ин давра ҳамчун як мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ ба бор овард ва мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқарар намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ҳамчун  шарики боэътимод эътироф гаштааст.

          Агар ҳамаи талошу заҳматҳо ва дастовардҳои ин марҳалаи томи таърихиро ба тавр воқеъбинона ҷамбаст намоем, имрӯз метавон гуфт, ки роҳбарияти давлатии Тоҷикистон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва рушдёфта табдил додааст. Мо тӯли ин бисту нӯҳ сол давраи ҳассосу мураккабтарин, яъне марҳалаи эҳё барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллии тоҷиконро бо муваффақият пушти сар намудем, ки он дастоварди асосӣ ва меҳвари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

           Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошад, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ ҳифзи озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

СУМАНИ ФАРҲОД- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷайҳун