ВАҲДАТ-АСОСИ ПЕШРАФТ!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Мусаллам аст, ки бе машватару маслиҳат коре ба анҷом намерасад. Маҳз ба воситаи гуфту шунидҳо мо метавонем кореро ба сомон расонем ва ҳадафҳои худро пиёда созем, аммо як нуқтаи дигарро набояд фаромуш сохт, ки амалии тамоми ин гуфтаҳо аз ваҳдату ҳамдилӣ сарчашма мегиранд. Агар ваҳдат набошад мо ба тавофуқ расида наметавонем ва агар мо ба тавофуқ наоем ба ҷое расида наметавонем. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки “Зури мушт дар ваҳдати панҷ ангушт”. 

Дар ин гуфта Ваҳдат маънои худро комил мекунад, зеро мо дар танҳоӣ  аз уҳдаи анҷоми коре намебароем.  Аз нигоҳи ман тамоми пешрафту ободкорӣ самараи ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиҳост. Баъди истиқлолияти давлатӣ ваҳдат муҳимтарин дороии давлату миллат аст. Ин ҳама осори Ваҳдату якдилист, ки мардум сарҷамъ шуда, баҳри ободии як гушаи диёри худ саҳм мегузоранд. Ҳамин ваҳдат уоштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз варати нобудшавӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши бузург бозид. Инак 27 сол аст, ки дар кишвари мо санаи 27 июн ҳамчун рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.Воқеан, ин санаи сарнавиштсоз дар ҳаёти ҳар нафар инсони мамлакат бо омадани пайѓоми сулҳу дӯстӣ, саодату садоқат фаромӯшнопазир мебошад.

Маҳз, бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар тантана намуд ва бо таҳкими ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба ҷодаи пешрафтҳои тоза, тавфиқу комгориҳо мушарраф гардид. Бешак, маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву  иқтисодӣ, фарҳангиву  маънавиро метавон натиҷа ва самараи сулҳи тоҷикон маънидод кард. Шоистаи таъкид аст, ки парламенти шаклан ва мазмуни нави кишвар-мақомоти қонунгузории кишварро низ метавон ҳосили сулҳ ва ризоияти миллӣ номзад кард. Воқеан, таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир буд.

Дар ҳар кишваре, ки мехостанд бо роҳи музокироти сиёсӣ ба як мусолиҳа биёянд, он сарфи назар аз  имзо шуданаш бенатиҷа меанҷомид. Тарафҳои даргир боз даст ба силоҳу ба зӯрӣ  мезаданд.  Мисли онро мо дар чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо, Осиё ва ҳатто Аврупо мебинем, ки 15-20 сол боз ба сулҳу салоҳ омада наметавонанд. Ба монанди ҷанҷоли кишвари африқоии Чад, ки дар онҷо 20 сол зиёд ҷанг давом кард ва беш аз як миллион нафар қурбон шуду ба ифоқа наомаданд.  То ҳол ҳам дар Чад нобасомониҳо идома дорад. Бинобар ин тоҷикон бояд ба қадри сулҳ расанд, онро ҳифз кунанд ва дигар роҳ надиҳанд, ки дар мамлакат нобасомониҳо ба амал оянд. Набояд аз хотир фаромуш сохт, ки нигаҳдории ин ҳама муқаддасот алалхусус ваҳдати миллӣ кори саҳл нест. Мо бояд бо ҳушёрии том ин дастоварди нодиру муҳимро ҳифз намуда, бо ин ваҳдат уҳамдилӣ душманони бадхоҳи худро мағлуб созем.

Моҳинави Қурбонмад-мудири шуъба кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ