Пешрафту тараққиёт ва ободии давлату миллат аз Ваҳдату сулҳ сарчашма мегирад. Ваҳдат номаи тақдири миллат аст. Ваҳдат, сулҳ калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб меёбанд. Маънии ин вожаҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб арзёбӣ гардидааст:
“Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда вамуҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.”
Воқеан ҳам Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин пояи сулҳ ба шумор меравад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, зеро ин рӯзро мардуми сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наовардааст.
27-июни соли 1997 баъди 8 даври гуфтушунид байни Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодия мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. 27-июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст.
Буризода Мадина, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон