ОМӮЗГОРОН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСА САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ таъмири дохили синфхона бо маром ҷараён дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ низ синфхонаҳо аз нав таъмир гардида, маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таълимии номбурда дар ин амали хайр саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки таъмири синфхонаҳо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” амали гардида, бо кӯмаку маблағгузориҳои асосиатсияи падару модарон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба роҳ монда шудааст.