МАҶЛИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ДЕҲАИ МЕҲРОБОД»

Кушониён: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Меҳробод»-и ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Маҷлис аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд:

1).Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Меҳробод» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни моҳи 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2).Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии «Деҳаи Меҳробод»;

3).Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии «Деҳаи Меҳробод» барои нимсолаи дуюми соли 2022;

4).Интихоби вакил ба конференсияи ноҳиявӣ;

5).Масъалаҳои ташкилӣ.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Меҳробод»-и ноҳия оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Ҳасан иштирок намуд. Мавсуф оид ба нақши аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд. Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.