Зуҳуроте, ки таҳдид ба амнияти миллӣ дорад

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Коррупсия зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид.

Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
 

Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем.
 

Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад».
 

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ибтидо гузошт.
 

Дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.
 

Агар садди роҳи инро нагиранд коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ, оварда мерасонад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Чанд хулоса

►    Коррупсия – яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад;
►    Коррупсия – боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста месозад;
►    Коррупсия – табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад;
► Қонун беқудрат ва беамал мегардад, дар шуури ҷамъиятӣ таассурот оид ба ҳимоянашаванда будани шаҳрванд ҳам дар назди ҳокимият ва ҳам дар назди ҷинояткорӣ ташаккул меёбад;
► Коррупсия – ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ ба манфиати гурӯҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳқиршудаи аҳолӣ, бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшок гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимои дар давлат мусоидат мекунад;
►    Ҳуқуқҳои баробар барои гирифтани маълумот, бахусус маълумоти олӣ бинобар паҳн шудани ҳодисаҳои ришвахӯрӣ, бартарияти шаклҳои пулакии таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар натиҷа гирифтани чунин маълумот барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ғайриимкон гаштааст, вайрон карда мешавад;
►   
Ба имконияти ҳуқуқии ҳамаи одамон ба адолати судӣ нигоҳ накарда, дар баъзе ҳолатҳо коррупсия ба баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди суд, баррасии беғаразона ва одилонаи парвандаҳо дар судҳо мамониат мекунад ва ғайра.
 

Ҳамин тариқ, бо мақсади аз байн бурдани коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат ба коррупсия, гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани курсҳои таълимии зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ба василаи ба роҳ мондани ҳамкории густардаи мақомоти давлатӣ бо ВАО, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа бо василаи ҷалби мутахассисони соҳавӣ, олимони ҳуқуқшинос, равоншиносону иқтисодчиён, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти бар зидди коррупсия муборизабаранда, инчунин муҳаққиқони таъриху адабиёт, собиқадорони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ба василаи табъу нашри адабиёти илмию оммавӣ дар мавзӯъҳои зиддикоррупсионӣ; нависандагон, рассомон, ходимони театр, радиову телевизион ва зиёиёни кишвар ба василаи таҳия ва басаҳнагузории асарҳо оид ба оқибатҳои зараровари коррупсия, таҳия намудани видеороликҳо, асарҳои рассомӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Ҷамшед Ашурзода, ҳуқуқшиноси Сарраёсати Хадамоти

назорати давлатии тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон