САЛМОН - ГУМРОҲИ БАХТБАРГАШТА!

Кушониён: Вокуниш  

Аз дидану шунидани суханони Беҳрӯз ё худро Салмон низ ном мебарад, ба чунин хулоса омадан метавон, ки ин гумроҳгаштаи бадбахт ҳаққи сухан гуфтан доир ба ҳодисаву воқеаҳои дохили кишвари моро надорад! Ин хоини миллату давлат гулӯи худро даррондаву рагҳои гарданаш барҷаста ҳаёти ҷомеаи тоҷикро муҳокима мекунад. Дар асл, ин кӯдаки гармиву сардиҳои зиндагиро надидаву ба миллату давлати хеш як зарра хидмат накарда бехабар аст, ки ояндаи худро тираву тор намудааст ва ба гумроҳиву рӯсиёҳӣ рӯз бурда истодааст. Ҳамарӯза як гапу як суханро такрор намуда, рафта-рафта ба бемории равонӣ гирифтор шуда истодааст. Ӯ ба дарди бедаво гирифтор гардидааст ва дигар илоҷи шифо ёфтанаш ба гумон аст. Гӯё, ки ин касофатбор доно асту ҳамаро аз гап бор мекунад. Лекин, ин доногиву босаводӣ ба манфиати худу ҷомеа набошад, чӣ кор меояд?!

Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин чӣ намерасад, зидди миллату давлати худ баромадаву мухолифат менамояд. Тавре гап мезанад, ки гӯё дилсӯзи ин миллат бошаду дилсӯзи ин мардум. Лекин барои манфиати худу хоҷагони худ кору рафтор менамояд, дигар ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Дар давлатҳои Аврупо пинҳон шуда мегардаду кораш мудом сиёҳу бадномкунии давлату миллати тоҷик аст.

Дар замони ҳозира давлатдориву нигоҳдории сулҳу субот кори осон нест. Мардуми тоҷик як маротиба ҷангу хунрезиҳоро аз сар гузаронидааст ва дигар намехоҳад, ки он солҳои мудҳиш ва бесарусомониҳо такрор шавад. Бо меҳнати созандаву бунёдкорона ҳар як кас ба зиндагии худ машғул аст ва ба ин гуна иғвогариҳои мухолифоне чун Салмони нокасу гумроҳгашта гӯш намедиҳанд, таваҷҷуҳ надоранд ва аҳамият намедиҳанд. Ба инҳо нафароне аҳамият медиҳанду дар тамос мешаванд, ки ношукру носипосанд ва ба монанди онҳо дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Бобомуродов Манучеҳр мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён