Мактаби сиёсии Пешвои миллат

КИВ: Андеша  

Дар шаҳри Бохтар санаи 24 июни соли 2022 Конференсияи сеюми байналмилаии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» доир гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф унвон гирад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад. 

Ин Конференсияи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки заминаи асосии пешрафти кишвар ва муттаҳидии ҷомеа маҳсуб меёбад, баргузор гардид. Ба Конференсия 80 мақолаи илмӣ пешниҳод шуда, дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш 57 мақолаи ба талаботи алоқаманд ҷавобгӯй хостагирӣ шуда, мавриди баррасии олимон дар Конференсия пешниҳод гардид. Зимнан, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ иборат аз 57 мақола дар 300 нусха чоп гардида, ба иштирокдорони Конференсия дастрас карда шуд. Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.​​​​​​​

Дар натиҷаи Конференсия бо мақсади ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) таъсиси Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи олимон, иштирокдорони Конференсия дастгирӣ карда шуд.

Мо низ кормандони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббуси ташкили Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»-ро дастгирӣ намуда, фаъолияти худро дар ин самт равона месозем.

Буризода Мадина, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон