Маҷлис ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Почта”

Темурмалик: Ҳисобот  

Дар таърихи 30-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Почта” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз руи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  - ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

  - тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

  - интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

  - интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои  ҲХДТ  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

  -  масъалаҳои ташкилӣ.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин дар баромади худ вобаста ба истифодаи самараноки замин, аз як замин гирифтан ду се ҳосил ба шунавандагон таъкид намуданд.

Дар маҷлис 7-нафар аъзоёни ҳизб иштирок доштанд. Бо таклифи иштирокчиён Толибов Ғоибулло раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.