МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД”

Фархор:  

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” санаи 30-июни соли 2022 баргузор гардида дар он се масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” дар назди аъзои ҳизби ин ташкилот ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис пешниҳодҳои котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” “Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” ва “Дар бораи интихоби вакил ба конфенансияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор” шунида шуда қарорҳо қабул карда шуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам оди ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода барқ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” дар аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.