БАДХОҲОНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МО ШИКАСТ ХОҲАНД ХӮРД

Кӯлоб: Вокуниш  

Ман намояндаи насле мебошам, ки дар пайкари худ даҳшати ҷанги шаҳрвандиро эҳсос кардаам. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ман ҳанӯз мактабхон будам, бо сар задани оташи низоъ аз мактаб рафтан хатари ҷиддӣ эҳсос мекардам. Зеро ҳукумат бесоҳиб буду роҳбаре набуд, ки мардумро сарпарастӣ кунад. Ҳар ки силоҳ дар даст дошт, худ шоҳу табъаш вазир буд ва силоҳдор ба аҳли илму маърифат таҳдид мекард. Дар он шабу рӯз ҳама дасти дуо бармедошт, ки сарваре пайдо шуда, онҳоро аз вартаи фоҷеа наҷот бахшад. Хушбахтона, паз аз гирудорҳо сарсониву оворагариҳо ва дигар ошуфтагиҳо фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат зуҳур намуда, бо пеш гиирфтани сиёсати хирадмандона ва гузашту бардоштҳо кафили раҳонидани мардум аз нокомиҳо гардид. 

Мутаасифона, имрӯз на ҳама медонанд, ки сабагори асосии сар задани ҷанги байнихудии тоҷикон мутаассибини динӣ бо роҳбарии ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ буд, ки сабобгори кушта шудани 150 ҳазор нафар ҷавонону наврасон гардида, кишварро ба як харобазор табдил дод, ки зарари молии миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил мекард. Беш аз 1 миллион шаҳрвандони кишвар гуреза шуда, ба хоки давлати Афғонистон паноҳ бурданд ва ба азобу ранҷи зиёд рӯ ба рӯ буданд. Албатта, ҳисороти моливу иқтисодӣ дар баробари талафоти беш аз 150 ҳазор навар ҳеч аст, зеро миллионро метавон барқарор кард, вале марги инсон бебаргашт аст. Он талафот ба генафонди миллат зарбаи сахт ворид кард ва даҳсолаҳо сипарӣ гардид, то миллати тоҷик он талафоти ҷиддиро ҷуброн намояд.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ин ҳизб бо баҳонаи ҷонибдорӣ аз дини ислом ва густариши арзишҳои демократӣ сияҳкориҳои хешро идома дод. Ба дастовардҳо ва пешравиҳои фархангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо назари нохуш нигоҳ дошта, худро ҳомии демократия нишон медод. Гарчанде ба сиёсатпешагон маълум аст ҳизбҳои динӣ ҳамеша аз арзишҳои демократӣ дур буданд ва ба вижаи ҳаракатҳои ба ном  исломӣ хостҳои диниву мазҳабии худро ба сари шаҳрвандонаш таҳмил мекунанд. Ва дар сурати напазируфтан шаҳрвандро ё ба зиндон меафкананд ё ба қатл маҳкум мекунанд. Мо ба чашми худ дидем, ки чигуна сарсупурдагони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат дар симои Назарзода ҳамлаи мусалаҳона ба ниҳодҳои ҳукумат бурда, кӯшиши табадулоти давлатӣ кардан мехост. Нерӯҳои амниятии кишвар пас аз саркуби онҳо тамоми нақшаҳои сиёҳи ҳизби сияҳкорро ошкор намуданд ва Суди Олии кишвар ин ҳизбро ташкилоти экстремистӣ ва терористӣ эълон намуд.

Ҳоло низ хоинони давлату миллат ба хориҷ фирор карда, бо пули гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик фаъолияти таблиғотии худро ба роҳ мондаанд. Онҳо бо идеаҳои пучу подарҳавои худ номи давлати тоҷиконро сиёҳ кардан мехоҳанд. Ҳодисаҳои ғамбору нанговари чанд моҳ қабл рухдода натиҷаи амали ин гурӯҳҳои терористӣ буд ва мо ватандорон бояд фаромуш накунем, ки душман дар камин аст ва ҳар лаҳза ба амалҳои нангини худ фитнаи дигаре барпо намуда, мехоҳанд, ки то сулҳу осоиштагии ватани моро халалдор созанд. Ин асолатбохтаҳо дар ҳама гӯшаву канори дунё пароканда шуда, барои халалдор намудани оромиву осоиштагӣ дар Тоҷикистон талош доранд, ки ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.Чун дигар имрӯз он солҳои 90 - уми асри гузашта нест, ки мардуми ноогоҳ аз фитнаҳои онҳо фирефтаи душманони миллат гарданд. Зеро ба қавли мардум “кур як бор асояшро гум мекунад!”. Илова ба сатҳи худшиносиву маърифатнокии аҳолӣ имрӯз хушбахтона, неруҳои амниятии кишварамон низ тамоми тавоноиву қудратро соҳибанд, то ба ҳар нерӯи бадхоҳи ин сарзамин ҷавоби муносиб радонанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Саидов Умар – узви фаъоли ҲХДТ