БАДХОҲОНУ НОТАВОНБИНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ КАС НЕСТАНД!

Кушониён: Вокуниш  

Бадхоҳону нотавонбинони миллат ба монанди М.Кабирӣ, И.Садриддин, Беҳрӯз, Ҳ.Ашӯров ҳар як кадомашон дар алоҳидагӣ дар шабакаҳои интернетӣ ба воситаи иғвоангезиву бад кардани давлату ҳукумати кишвар, мазлуму бечора нишон додани аҳолӣ, худро ғамхору пуштибон вонамуд кардаву диққати нафарони эҳсосиву зудбоварро, ки бештаринашон дар хориҷа мебошанд, ба худ ҷалб карда, ба ин восита ба бадгӯиҳои худ идома дода истодаанд.

Наҳзатиёни хоинони миллат аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба сӯи ҳаммиллатони худ санг мезананд. Ин худбохтагони гумроҳгашта худро донандаи улуми дину шариат ҳисобида, дар асл аз ҳеҷ гуна амалҳо рӯ наметобанд. Ба дараҷае такрор ба такрор ҳарф мезананду дашному ҳақорат мекунанд, ки ба ягон дину шариат рост намеояд. Туҳмату ғайбат мекунанд, таъна зада, дашном ва носазо мегӯянд. Тақлиди садои касе барои масхара кардан, лаънат кардани мардум, ба номи зишт садо кардан, фарёд задани беҷо ва мазоҳи зиёд кори ҳаррӯзаи инҳо мебошад, ки ин бадтарин кор ва гуноҳаш аз қатлу куштор кам нест. Ин асолатбохтагон ба ҷуз аз хунрезиву пастфитративу гумроҳӣ дигар чизе мақсаду маром надоранд ва нафарони ноогоҳу зудбоварро ба доми худ кашидан мехоҳанд.

Касе, ки ҷиноят мекунад, бояд ҷазояшро бинад ва ба аъмолу кирдори содирнамудааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Бадхоҳону нотавонбинон бар зидди давлату миллат рафтору кирдори хоинона намуда, рӯ ба гурез ниҳодаанд ва онҳоеро, ки аз пушти инҳо шуда маҳбасӣ гардидаанд, ҳеҷ гоҳ ёд намекунанд. Ин хоинон, ки аз рӯи нотавонбиниву бадхоҳӣ ба ҳаммиллатони худро сиёҳ мекунанд, ҳеҷ кас нестанд!

Ҳукумату давлати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар баробар рушду тараққӣ намояд. Баҳри расидан ба ин ҳама ҳадафҳои созанда ва ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бузург волоияти қонун дар ҳама кунҷу канори Ватани маҳбубамон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

 

Мардум дигар он мардуми солҳои навадум нест онҳо сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд ва хубу бадро дуруст дарк менамоянд ва ҷонибдори тинҷиву амонӣ ҳастанд, ҳама тарафдори волоияти қонун мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ин гурӯҳҳои ҷиноятпешаро ҷонибдорӣ намекунанд.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён