МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ИРФОН»

Бохтар: Ҳисобот  

Дирӯз тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ИРФОН» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ИРФОН» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд.

Дар идомаи маҷлис Саидзода Раҳмон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ суҳбат намуданд.

Сипас якчанд нафар омузгорон ба сафи аъзои ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳо бо тантана супорида шуд.