БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁР ДАР НОҲИЯИ КУШОНИЁН БО МАҚСАДИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ҲИЗБӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАС ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО МЕБОШАД.

КИВ:  
Бо мақсади ҷоннок ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, фаъолнокӣ нишон додан дар тамоми самтҳо , бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- Абдуллозода Умеда Бекмурод, ҷаласаи сайёр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Холзода Муҳамадшариф Муҳабат- раиси ноҳияи Кушониён , раисону мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа Саидзода Ҷамшед Ҳамро- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ҳизбиён дар ноҳияи мазкур ва дастовардҳои ҳизбиёни ноҳия суханронӣ намуда, бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳизбиён ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа Абдуллозода Умеда Бекмурод – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиди корбарӣ намудан дар самти маориф, сохтмонӣ муассисаҳо ва фарогирии кӯдакон ба ин муассисаҳо, аз худ кардани барномаи таълимӣ , саҳми назарраси омӯзгорон дар таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос, саҳми оила дар пешрафти ҷомеа, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, тарбияи дурусти фарзанд, иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар самти забономӯзӣ , ҷалби онҳо ба озмуну дарсҳои иловагӣ аз фанҳои дақиқ, аз худ карданӣ технологияи ҳозиразамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва тезонидани иҷроиши бандҳои нақшаи корӣ, ҷалби бештари гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷалби бештари аъзоёни ҳизб ба корҳои назаррас дар тамоми самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.