Тероризм ва экстремизм яке аз падидаи номатлуби ҷомеа

Вахш: Вокуниш  

Вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари хабарии муосир ҳамватанони ноогоҳу манфиатхоҳ ва бо ном «Ватандӯст» пешрафти кишвари азизи моро нодида гирифта, мехоҳанд аз ҳар роҳу восита истифода бурда ба шуури ҷавонони мо таъсир гузоранд. Сангандозии ба ном «Фарзандони Ватан», ки корашон ҷуз сиёҳ кардани номи Тоҷикистони азизи мо ва халалдор намудани оромию осоиштагии кишварамон мебошад, моро вазифадор мекунад, ки бояд барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ талош  варзем. Чунки боварии Пешвои азиамон ба миллати тоҷдори тоҷик хело зиёд мебошад ва моро зарураст, ки ба боварии ин фарзона фарзанди миллат сазовор бошем.

Якдилона ва сарҷаъмона бо Пешвои азизамон Ватанамонро ободу зебо сохтаем ва боз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар бари Пешвоямон қомат афрохта, бо бунёдкориву созандагии хеш Точикистони азизро ба биҳишти ҳақиқии рӯи замин табдил диҳем. Рафтору гуфтори он гурӯҳхои  ҷудоихоҳро бо тамоми ҳастӣ маҳкум менамоем  ва намегузорем, ки мақсадхои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо худ дар давлатҳои бегона паноҳ бурда «ҷавонони ба ғарибӣ афтодаи тоҷикро» фиреб менамоянд. ҳатто фикр наменамоянд, ки худ  зархаридон ва гумроҳшудагони хориҷианд. Худованд барои ҳар бандааш ақл додаст, то ки бо ақли худ кору рафтор намояду сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Охир бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд моро аз чоҳорчубаи ҳувияти миллии хеш берун намуда, қабули мафкураи дигарро дар мағзи идрок ва шуури аҳли ҷомеа хусусан муҳоҷирони  дур аз  Ватан ҷой намоянд. Мо ҷавонони соҳибистиқлол намегузорем, ки нақшаҳои онҳо амалӣ гарданд.

Талбекзода С.-мутахасиси шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар н.Вахш