МЕҲНАТИ СОЗАНДАВУ ОБОДГАРОНА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Кушониён бо ҷамъбаст намудани соли таҳсил ба таъмири ҷории синфхонаҳо ва дар умум муассиса шурӯъ намуда, дар ин самт корҳои таъмиру тармимро бо маром идома дода истодаанд.

Айни ҳол, аз ҳисоби маблағгузориҳои Кумитаи падару модарон таъмири ҷории муассиса идома дошта, омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса ба рангубор намудани синфхонаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса машғуланд.

Директори муассиса Махсумов Зариф яке аз директорони пешқадам ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар ободонии муассиса саҳми сазовор дорад.