ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НАҶОТИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ!

Кушониён: Андеша  

Ваҳдат-беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон бо ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзабони бурунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар, роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан аст.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ гардида, мамлакат обод шуд, ба пешравиҳои зиёд ноил гардидем ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшидаанд.

Умаралиев А.-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён