МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲАВАСКОР”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 22-уми июни соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Ҳаваскор»-и ноҳияи Вахш маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок кард.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи аз 01.06.2021 сол то 01.06.2022 сол шунида шуда, нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ гардиданд. Раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳаваскор» аз нав интихоб гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар маҷлис баромад намуда, оид ба тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо "усули хона ба хона" дар бораи пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб пешниҳодҳои муфид дод.