Ваҳдати миллӣ, андешаи роҳнамо

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Мусоҳиба бо муовини раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Амиршоҳи Хатлонӣ

– Нахуст каме дар бораи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақши он дар тарбияи маънавӣ ва роҳкушоии ҷомеа иттилоъ медодед.
 

– Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ниҳоде мебошад, ки барои мутаҳҳид намудани тамоми аҳзоби сиёсӣ, созмону такшилотҳои давлативу ғайридавлатӣ таъсис ёфта, дар иртибот ба онҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва ғояҳои пешбарандаи ҷомеа фаъолият дорад.  Ба андешаи ман яке аз ниҳоди бузургтарин ба ҳисоб меравад, зеро танҳо тавассути сулҳу ваҳдати сартосарӣ тинҷиву осудагӣ дар кишвар ва иттиҳоду якдилии мардум метавон дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон муваффақ гардид. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз дар вилояти Хатлон шумораи аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 1,5 миллион нафар мерасад. Дар ҳудуди вилоят 2492 ташкилотҳои ибтидоии ҲВМЭТ ва 314 намояндагии Шӯрои кӯҳансолони ҲВМЭТ таъсис ва фаъолияти рӯзмарра доранд. Ҳамзамон, бо ташаббусу дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои вилоятии ҲВМЭТ соҳиби нашрияи “Ваҳдатсаро” мебошад, ки бо теъдоди 5 ҳазор нусха пешкаши хонандагон мегардад. Фаъолияти ҳаррӯзаи Шӯро аз мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва тарғибу ташвиқи ғояи ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар масири бунёди ҷомеаи озодманишу саодатманд, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, раванди демократикунонии ҷомеа ва дигар ҳадафҳои муҳим иборат аст. Ҳамзамон раҳнамоии ҷомеа ба илму донишандӯзӣ ва таваҷҷуҳи мардум ба мутолиаи китоб аз самтҳои дигари фаъолияти мо дар ин ҷода мебошад.
 

–Моҳияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар масири    давлатсозии навин ва пойдории Истиқлоли Тоҷикистон аз нигоҳи Шумо?
 

– Маврид ба ёдоварист, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо се рӯйдоди муҳими таърихиро паси сар намуд. Нахуст соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуввум, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва баъдан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Ин се падидаи муҳими таърихӣ дар раванди давлатсозӣ ва рӯзгори шоистаи мардум нақши ниҳоят муҳим гузошт. Зеро, дар марҳилаи ҳассосе, ки мо Истиқлоли давлатиро ба даст овардем, бо аз байн рафтани як кишвари абарқудрат бештари ҷумҳуриҳои бародар соҳиби мероси бузург гардиданд. Аммо душманони мо бо эҷоди як низоъ миёни мардум кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ хурдро ба таназзул оварданд. Мусаллам аст, ки ҷанг касрату шикастҳои бузургро дар пай дошта, бар замми ин ғоратгарон иқтисоди начанд пешрафтаи моро ба зону нишонданд. Дар ҳамин вазъияти ногувор, ки ҷамъомади вакилони мардумӣ ҳатто дар пойтахти кишвар хатарнок буд, Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва вакилон ҷавонмарди асилеро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд, ки Тоҷикистони ҷангзадаро аз парешонӣ наҷот бахшида, мардуми дар ақсои олам фирории онро ба Ватан баргардониданд. Ҳаминак, дар муддати начандон зиёди пеши таърих мардум дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муазазми миллат ба хушбахтиву саодати зиндагӣ расидаанд.

Зи аҳли Анҷуман мардони оқил,
Фурӯзон карда шамъи шоми маҳфил.
Вакили тозарӯе он ҷавонмард,
Нигоҳи аҳли ёронро ба худ кард.
Зи мағзи дил зи ҷони худ сухан гуфт,
Равонаш ҳар нафас дарди Ватан гуфт.
Барои халқу меҳан раҳнамо шуд,
Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд.
Вакилон даъваташ бар тахт карданд,
Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд.

Мавриди зикр аст, ки мароми сулҳу ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати мо маҳз аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирифт, ки ҳанӯз дар нахустин суханрониаш аз минбари Иҷлосия паёми ҷонбахши худро ба мардуми Тоҷикистон ироа намуд; “Ман ба хонаҳои шумо сулҳ меорам”.
 

-Тавре огаҳӣ дорем, аз рӯзи аввали таъсисёбии ҲВМЭТ ҳайати он аз зиёиён, ба хусус адибону рӯзноманигорон ва дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа таркиб меёфт. Шумо ҳамчун шоири ваҳдатсаро нақши зиёиёни вилояти Хатлонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
 

–Дар ҳақиқат он сулҳу ваҳдати ба даст омада, боиси илҳоми шоирону нависандагон ва қишри зиёии ҷомеа гардида буд. Ҳатто мардуми одӣ аз ғояти хушбахтӣ бо эҷоди садҳо шеъру достонҳо ва қиссаву таронаҳои меҳандӯстона ва замзамаи панду андарзҳои дар мавзӯи сулҳу осоиштагӣ фарзандонро дар рӯҳияи арзишҳои муқаддаси миллату давлаторӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, тарбия менамуданд. Ҳамин сон, Ваҳдат ба як вожаи муқаддаси гӯшнавоз табдил ёфта, ҳамчун идеяи пешбарандаи ҷомеа дар барқарорсозии кишвари харобгардида ва ҷалби гурезаҳо ба Ватан нақши ниҳоят бузург гузошт. Ин буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназири ваҳдату таҳаммулгароӣ мавриди омӯзишу баҳрабардории таҳлилгарону ҷомеашиносони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирфт.
 

–Ба андешаи Шумо ба хотири роҳнамоиву мафкурасозӣ дар ҷомеа ва амалисозии дигар ҳадафҳои ояндасозӣ, ки ба пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз замина мегузорад, боз чӣ бояд кард?
 

–Ягона мақсади мо сулҳу ваҳдат буд, ки мо ба ин мароми олӣ расидем. Вақте мо ба гӯши тамоми мардум ғояҳои ваҳдати миллиро мефаҳмонем боз ҳам дар шуури мардум ҷой кардани ғояи ваҳдати миллӣ кӯшиш менамоем, мардум дар ин рӯҳияи созанда саъю талоши бештар хоҳанд намуд, то дар рушду нумӯи ватани худ саҳми бештар гузоранд.
 

Устод,  дар қатори дигар рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии солҳои соҳибистиқлолӣ, таъсисёбӣ ва ба арсаи сиёсат ворид шудани ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар чӣ нақше дорад?  
 

–  ҲХДТ зодаи даврони Истиқоли Тоҷикистон буда, дар раванди муборизаву фидокориҳои Сарвари давлат дар масири расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуд. Мақсаду мароми ҲХДТ ин ба ҳам овардани мардумони ватандӯсту солимфикр, зиёиёну олимону рӯшанфикрони Тоҷикистон, насли нерӯманду созандагони Ватан буд. Феълан, ҲХДТ ҳамчун неруи сиёсии зодаи даврони Истиқлол дар солу замоне таъсис ёфта буд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар ҳамдилу ҳаммаром дар масири бунёду азнавсозиҳо ва рушду нумӯи ватани азизи худ саъю талош менамуданд. Ҳамин тавр, ҲХДТ аз ҳисоби намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа таркиб ёфта, ҳаминак, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва расидан ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон нақши меҳварӣ дорад. Тавре дар як шеъри худ дар ин маврид гуфта будам:

Ҳизби халқӣ, ҳизби панду ҳикмат аст,
Ваҳдатоин, раҳнамои миллат аст.

Мусоҳиб Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”