Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити ҳозира яке аз воситаи тарбияи одамон, алалхусус ҷавонону наврасон баланд бардоштани маърифати экологии онҳо мебошад, ки аз оила, боғчаи кӯдакон, мактаб, сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва ғайра маншаъ мегирад.
Шахси дорои маърифати экологӣ дар роҳи суннату анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ тарбия гирифта, дар бораи ҷамъият, тафаккури инсон, табиат ва нигоҳдории он, инкишофи техника, тарзи ҳаёти солим малакаи заруриро пайдо карда, фаъолияти ҷамъиятӣ ва шахсии худро сайқал медиҳад. Дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: “Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст”. Пас, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки мушкилоти табиатро донад ва дар асоси донишҳои экологӣ ва фарҳанги экологӣ барои рафъи онҳо кӯшиш намояд.