БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИСТИҚЛОЛ"

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” бо иштироки муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Маъмурбӣ Раҳимова маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” Каримова Дилрабо кушоданд.

Қайд карда шуд, ки дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

1. Дар бораи “Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда; 2. Дар бораи интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” ;

3. Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии "Истиқлол”;

4. Дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”;

5. Дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор;

6. Масъалаҳои ташкилӣ.

Дар аввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис номзадии 3 нафар фаъолонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Истиқлоли" барои дохил намуда ба ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешбари када шуда, аз ҷониби иштирокчиён пазируфта шуданд.

Инчунин шунида шуд пешниҳоди Довлатова Гулшан аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизби мазкур дар бораи пешбарии номзадии Каримова Дилрабо ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ ва номзадии Умедаи Маҷид ба вазифаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби "Истиқлол". Пешниҳоди мазкур ба овоз монда шуда якдилона ҷонибдорӣ карда шуд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бо пешниҳоди аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр Давлатова Гулшан раиси ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" вакили Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор интихоб карда шуд.

Дар фарҷом масъулини ҳизбӣ баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.