МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ДОИР ГАРДИД

КИВ:  

Санаи 27 майи соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар маҷлиси назоратӣ муовинони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мудирони шуъбаҳо ва ҳайати эҷодии нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ” иштирок доштанд.

Ҷаласаро Раиси Кумита Саидзода Ҷамшед Ҳамро оғоз карда, қайд намуданд, ки ҳафтаи сипаригардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур Раис, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ иштирок доштанд. Инчунин, дар ноҳияи Данғара муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят семинар-машварат оид ба баргузории Конференсияҳо ва маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз мудирони шуъбаҳо оиди корҳои анҷом дода шудаи ҳафтаи сипаригардидаро пурсон шуд. Дар навбати худ мудирони шуъбаҳо оид ба дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб вазифадор гардида буданд, ҳисобот доданд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро вобаста ба зиёд кардани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва иштироки кормандон дар маҷлисҳо, роҳандозии аксияҳои ҳизбӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба “30 солагиии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тарғибу ташвиқи ҷойҳои холии кории НБО “Роғун” миёни сокинон ва масоили инҳо ибрози назар кард.

Ҳамчунин дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят аз бандҳои Протоколи назоратии ҳафтаи гузашта ёдовар шуд, таъкид кард, ки бандҳои Протоколҳои ҳафтаинаро зери назорат қарор дода, саривақт ба иҷро расонанд.

Дар фарҷоми ҷаласаи назоратӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ сипоснома тақдим намуд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон