НАШЪАМАНДӢ -ХАТАРИ ҶИДДӢ БАРОИ ИНСОНИЯТ!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
Пӯшида нест, ки дар замони моусир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу мусибат меорад. Қобили зикр аст, ки олимону мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи беамон мебаранд.
Имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ – шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар ин аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта ва муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад.
Вақте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ чун як давлати муқтадир соли 1991 аз байн рафт, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардида, аммо бо машаққатҳои сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид. Ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ дар натиҷаи нофаҳмиҳову кашмакашиҳои дохилӣ бо дасти хоҷагони берунӣ ба фалаҷшавии давлат оварда расониданд. Яъне баъди соҳибистиқлол гаштан ва канда шудани алоқаҳои қаблӣ бо мушкилотҳои гуногун, аз ҷумла иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бехатарӣ ва ғайраҳо рӯ ба рӯ шуд. Аз ин муҳити ноором гуруҳҳои ҷиноятпеша истифода бурда бо тариқи марзи Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсоя ба хариду фурӯши моддаҳои нашъадори навъи афюн, бангдона ва силоҳҳои ҷангӣ даст зада, вазъиятро боз ҳам мураккаб мегардониданд.Мутахассисони соҳаи тиб собит намуданд, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфии худро расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало сохта, ниҳоят ба марг бурда мерасонад. Албатта, теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошанд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Ин гуна ашхос бевосита истеъмолкунандагони чунин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳӣ надоранд, зеро маҳз истеъмоли нашъа чунин ашхосро дур аз ақлу фаросат, хираду дониш кардааст.
Самадзода С, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ