Донистани забонҳои хориҷӣ шахсро ба воломақоми мерасонад.

Восеъ: Андеша  

Забондонӣ аз давраҳои пеш то ба имрӯз воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон, муомилот ва муошират байни одамон ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо буда, донистани ин ё он забон ба шахс имконият медиҳад, ки аз талаботи рӯзмарраи ҳаёти худ огаҳ бошад. Инчунин, донистани забони хориҷӣ ин огоҳ будан аз таърих, фарҳанг, тамаддун ва воқеияти ҳаёти халқу миллатҳои дигар кишварҳо аст. Донистани забони ғайр донистани кулли дигаргуниҳои олам аст. Донистани забони хориҷӣ миллатро ба бузургӣ, инсонро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият будан ноил мегардонад. Шахсе, ки донандаи хуби якчанд забонҳои хориҷӣ аст, сарбаланду боифтихор буда, дар зиндагӣ ноумед намемонад ва ҳамеша комёбу муваффақ аст.Забондонӣ неруи инсон аст, лекин дар ин масъала нуктаи нозуке ҳаст, ки набояд онро сарфи назар кард. Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд хуб дарк кунад, ки дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамон вақт комёб мегардад, ки аввал забони модариашро шоиста омӯзад.Дар Паём ва суханрониҳои  Пешвои миллат ба забондонию забономӯзӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки дар дунёи муосир комёбии ҳар фард аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки чанд забони маъмули байналмилалиро медонад.Яке аз бузургтарин файласуфон ва равшанфикрони асри 18-и фаронсавӣ, Волтер дар мавриди донистани забонҳои хориҷӣ чунин баён намудааст: “Донистани забонҳои зиёд маънои доштани калидҳои зиёди як қулфро дорад”. Пас ҳар як шаҳрвандро, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ сидқан талош намоянд. Вақтҳои холигии худро беҳуда сарф накарда, ба забономӯзӣ машғул шаванд ва бо ин роҳ калиди хушбахтиро ба даст оранд.

Гулрухсор Мирзоева- мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ