ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ ВА НАСЛИ СОЛИМ ТАШАККУЛ МЕЁБАД!

А.Ҷомӣ: Андеша  

     Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Илова намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими муносибатҳои оилавӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз соли 2013 амал намуда истодааст, ки мақоми он дар таҳким бахшидани муносибатҳои оилавӣ, пешгирӣ намудани муаммои зӯроварӣ дар оила муассир аст.  Сабру таҳаммул асоси пойдории оила ба шумор меравад. Бояд ба ҷавонон одоби оиладорӣ фаҳмонида шавад, то ки дар зиндагии минбаъда дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ дар намонанд. Барои он ки эҳтироми байниҳамдигарии аъзоёни оила ҳамчун меъёри ахлоқӣ дар шуури онҳо ҷой бигирад, ҳам дар кор  ва ҳам дар муомила ба якдигар таҳаммул бояд кард. Дар ҳами сурат мо метавонем оилаи солиму пойдор бунёд намоему зиндагии рангине дошта бошем.Маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардуми ҳар давлат, пеш аз ҳама, аз одобу дониш ва маданияти оиладорӣ сарчашма мегирад. Аз аҳди тамаддуни ориёӣ то имрӯз оилаву оиладорӣ муқаддас ва асоси давлат ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст. Вале бо вуҷуди ин дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.  Ҳамин тариқ зикр бояд кард, ки бе пос доштани арзишҳои муҳими оилавӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии ҳар як аъзои оила таъмин намудани ояндабинии он мушкил боқӣ мемонад.Хулоса, бунёди оила ҳавову ҳавас нест. Пас ба ҷавонон бояд моҳияти оила ва зиндагӣ фаҳмонида шавад, то ки дар оянда ба монеаҳо дучор нашаванд.

Пирова Д- мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ