30-СОЛИ СОЗАНДАГИВУ ХУРРАМӢ ЗЕРИ ЛИВОИ ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚИ ҲХДТ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо саҳми ҷавонон дар ободиву пешравии диёр назаррас буда, ҳамчун пайравони асили мактаби бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хуррамиву сарсабзӣ ва ободии меҳан саҳм мегузоранд.

Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон нақши густурда дошта, онҳо дар маркази ғамхориву таваҷҷуҳ ва дастгирии доими  қарор доранд.

Мо масъулияти баланди кориву роҳбариро метавонем дар симои роҳбарон, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Мулкон” ва “Хироб”-и ноҳия бубинем, ки ҳамчун фарзандони саодатманду ободкор зери партави сиёсати бунёдкорони Роҳбарияти олии мамлакат баҳри ободии як гӯшаи диёр саҳми боризу арзанда мегузоранд.