АСАРИ СУХАН

Темурмалик:  

 Дар мулоқоти Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки рӯзи 9.03.2024 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, баробари дигар сохтору мақомотҳо ходимони дин низ вазифадор карда шуданд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд. Таҳкид бар он намуданд, ки ходим, яъне хизматгори дин будан маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад.Чунин масъулияти бузург аз ҳар яки Шумо тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, худатон дар рафтору гуфтору кирдор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати ҷомеа бошед. Маҳз натиҷаи таъсири ҳамин гуфтаҳои воло буданд, ки дар “Рӯзи даъватшаванда” 3 нафар аз ходимони дини ноҳияи Темурмалик Насридинов Фазлиддин – имоми масҷиди 5 вақтаи деҳаи Давади Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳимов, Насриддинов Салоҳиддин – имоми масҷиди 5 вақтаи деҳаи Неъмат Болтаеви Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳимов,  Хоҷаназаров Ҳайдар – имоми масҷиди 5 вақтаи Ситораи Тобони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ фарзандонашонро бо комисарияти ҳарбии ноҳия таъмин намуданд. Намояндаи  онҳо Насриддинов Салоҳиддин аз минбар баромада ҳамагонро ба ин амали хайр даъват намуданд. Мутахассисони пешбари Ҷамоати деҳоти Чилча ва Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳимов низ бародаронашонро ба таври ихтиёрӣ сафарбар намуданд.Гуфтан ба маврид аст, ки Худойназаров Маҳмасаид – Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Сархатиби ноҳия  Доробов Абдулвоҳид дар ин раванд саҳмгузоранд.