ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Кӯлоб:  

Дар КИИ "Олимон" бо ташаббуси ТҶҶ "Созандагони Ватан" аксияи "Тоҷикона мепӯшем" ташкил ва гузаронида шуд.

Аксияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани донишҷуён, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин рӯз, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо либосҳои миллӣ дар саҳни Донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.