БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР КИИ "ОЛИМОН"

Кӯлоб:  

Имрӯз (29.03.2024) дар КИИ "Олимон" мизи мудаввар дар мавзуи “Мушкилоти таълими забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои ғайрифилологӣ” дар доираи амалишаваии “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат, номзади имлҳои филологӣ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Фароғат, номзади илмҳои филологӣ Раҳимов Абдулқосим, муаллими калони кафедраи мазкур Муҳаммадҷони Абдувоҳид ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра, дотсент Қувватова Муҳаббат оғоз гардида, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Фароғат дар мавзуи "Ҳуҷҷатнигорӣ ва тарзи омӯзиши он дар арсҳои забони тоҷикӣ", муаллими калони кафедра Ҷалилова Анварбӣ дар мавзуи “Таҳкими тағйир ва иловаҳо дар Алифбои забони тоҷикӣ” ва муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар мавзуи "Нақш ва аҳамияти кор бо матнҳои тахассусӣ зимни таълими фанни забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайрифилологӣ" маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифт.