ВОХӮРӢ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВОБАСТА БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Кӯлоб:  

28-уми марти соли 2024  дар шаҳри Кӯлоб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз бо сокинони ҷ/д Зиракӣ мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар  сухан гуфта, оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншинсию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан карданд.      

Вакили мардумӣ сокинонро оид ба ҳамаи дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад талқин намуд.

Дар охир ишитирокчиён ба вакили мардумӣ минатдории худро баён намуда, чунин қайд намуданд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки барои тақдири имрузу фардои ин Ватан, давлат ва миллат бетараф набошем ва ҳиссаи хешро дар рушду нумуи он гузорем.