ИСТИФОДАИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНӢ ДАР ТАБОБАТИ БЕМОРИҲО

Кӯлоб:  

Саннаи 27 марти соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” аз тарафи кафедраи Терапия конференсияи илмӣ – назариявӣ доир ба мавзӯи «Самаранокии истифодаи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар табобати бемориҳо» ташкилу баргузор карда шуд. Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба бемориҳои бештар паҳнёфта дар байни аҳолӣ ва услубҳою самаранокии истифодаи гиёҳҳои шифобахш ҳангоми пешгирию табобати ин бемориҳо аз тарафи маърӯзачиён маълумот дода шуд.