ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТИ БАРВАҚТӢ, АЗ ГАРМХОНАҲОИ МАВСИМИИ НОҲИЯ

Кушониён:  

Боздиди роҳбарияти ноҳия аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка аз гармхона, пиёзи барвақтӣ, парвариши помидору бодаринг дар гармхонаҳо ва нашъунамои картошка дар заминҳои кушоди ҷамоати деҳоти заргари ноҳия Тазаккур бояд дод, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар истеҳсолӣ сабзавотӣ барвақтӣ, кишоварзон ва сокинони ноҳия аз рӯзҳои мусоид омадани обу ҳаво ва тухмии босифат истифода намуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ёрирасон ва наздиҳавлигии худ ҳамасола гармхонаҳои мавсимӣ бунёд намуда, аввалин шуда бозорҳо ва сокинонро бо сабзавотӣ тару тоза, инчунин аз ҷиҳати экологӣ босифат таъмин менамоянд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, дар ин самт таҷрибаи бой дошта, хурду калон ба парвариши сабзавотӣ барвақти машғуланд ва дар мавсимӣ ҳосил ҷамъкунӣ шаҳрвандони бекор ҷалб гардида, ба ин васила ба шуғлфарогирии шаҳрвандон таъмин мешавад. Ҳамарӯза, ҳосили ҷамъовардашуда ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ содирот мегардад.