БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ГӮШТИНИ МИЛЛИИ “ГӮШТИНГИРӢ” АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛА БА МАҲАЛА ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён:  

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш" дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 30– нафар сокинон, аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида, 30 нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд. Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.