Ҷаҳолат, ризолат, нодонӣ аз  бефарҳангӣ сар мезанад.

Норак: Вокуниш  

Ҷаҳолат, ризолат, нодонӣ аз  бефарҳангӣ сар мезанад ва  инсони  бефарҳанг ақидаи  солими худро  надорад. Пешрафти ҳар кадом  ҷомеаро инсонҳои  дорои  ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳар як инсони солимфикр огоҳ бошад ва хуб донад, ки яке аз падидаи номатлуб  дар ҳаёти инсон ин ҷиноят содир кардан мебошад ва ин амал амали  ғайрибашарӣ мешавад.     

Ин амали нопок имкон дорад, шахсро ба тамоми кор қодир созад.  Маҳз дар ин маврид гуруҳи шахсонеро ном бурдан мумкин аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми ҷиноятҳои вазнин даст зада буданд. Мардумонро бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи ҷиҳод аз хона бе хонаву аз дар ба дар карда буданд. Ҳам куштданду ҳам ғорат кардану ҳам сӯхтанду ҳам таҷовуз намуданд. Ин гуруҳи инсонҳо замоне бо номи Иттиҳоди нерӯҳои опозитсияи тоҷик машҳур буданду дар айни замон ташкилотҳои террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, Гуруҳи-24 ва ғайра  ном мебаранд. 

Бештари мардуми кишвари азизамон гумон доштанд, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ онҳо гуноҳҳои содирнамудаи худро дарк намудаву аз ин баъд дар пайи ободии вайроннамудаи худ мебошанд. Лек вақт нишон дода истодааст, ки  ин гуруҳҳои манфиатхоҳ  талош бар он доранд, ки бо ҳар роҳу восита, ҳатто бо роҳҳои ғайриинсонӣ ҳокимиятро ба даст оранд. Дар аввал талош намуданд, ки бо роҳи қонунӣ  соҳиби ҳокимият шаванд. Вале чун ақидаҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ мекарданд, эътимоди мардумро натавонистанд ба даст оранд. 
Пас аз хиёнатҳои содиркардаашон дар моҳи сентябри соли 2015 ва аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар созмони террористиву экстремистӣ эълон гардидан  баъзе аз тарафдорони ин созмони террористӣ барои ҷавоб нагуфтан ба кирдорҳои содиркардаашон дар назди қонун аз кишвар фирор намуда, ғарибиро ҷойи зисти худ қарор доданд. Онҳо чун пештар  бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷиашон талош намуда истодаанд, ки ин ҳизби террористӣ аз сари нав фаъолияташро қонунӣ гардонад. 

Лекин мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар  ба ин гуруҳ шахсони маккору хиёнаткор бовариву эътиқод надоранд. Онҳо дарк намуданд, ки ҲНИ ғайр аз  як ҳизби террористӣ ва экстремистию хоин чизи дигаре нест. Амалу кирдори нопоки онҳо мақсаду маромашонро ҳарчӣ зудтар ошкор сохт.

Шукри Хдовандро барои ин неъмати бузургаш  Истиқлолият, ки  ҳар як  тоҷику тоҷикистониро мебояд, ки  онро  содиқона   аз ниятҳову  амалҳои  бадхоҳону ҳасудону душманони миллату Ватан  ҳифз намоем.  

Хайруллозода  Баҳодур – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак