Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Бохтар

Бохтар:  
Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бартараф намудани падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи оромӣ ва суботи комили сиёсӣ, ҳамзамон пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба равияҳои номатлуби террористиву экстремистӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр ва риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ мулоқот ва вохӯрии озоди роҳбарияти милитсияи Хатлон бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот намояндагони шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, роҳбарони бозорҳо, марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ ва масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар Бохтар ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд.
Дар рафти мулоқот генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода оид ба ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи эълон гардидани Соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ки ин тадбир ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа нигаронида шудааст, суханронӣ намуда, бо нишон додани слайд-тасвирҳо ва зикри факту рақамҳо ба баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа пардохт.
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳои соҳавӣ содиршавии баъзе категорияҳои ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар тамоюли афзоишёбӣ дошта, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, чорабиниҳои мақсадноки маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муоширати сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ мусоидат менамояд. Тавре гуфта шуд танҳо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шавад.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода дар идомаи маъруза доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз қабили ба роҳ мондани хизматрасонии босифати ҷамъиятӣ, бартараф намудани савдои кӯчагӣ, рафъи ҳолатҳои дар биноҳои баландошёна овезон намудани либос, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ ва тарабхонаҳо, ҷорӣ намудани либоси ягона дар бозорҳо ва марказҳои савдо, ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёте, ки назди бозорҳо гузошта мешаванд, ҳарф зада, ҷиҳати рафъи ҳолатҳои ташвишовар ҳамдастии ҳама мақомотҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо намуд. Гуфта шуд, ки зеро ҳар як сайёҳ ва меҳмони хориҷие, ки вориди шаҳри Бохтар мегардад, аз хизматрасониҳои марказҳои савдо ва тиҷорат, хӯроки умум, нақлиёт ва марказҳои дилхӯшӣ истифода бурда, аз тарзи рафтору муносибат, муошират ва чигунагии маданияти сокинон ва кормандони он ба фарҳангу маданияти як миллати бузург баҳо медиҳанд.
Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, доир ба рафъи мушкилоту проблемаҳо ва омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда як қатор пешниҳодҳо ироа намуданд.