ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТИ ВА ҲАРБИ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАВОНОН ДАР МТМУ №6

Муъминобод:  

Санаи 21-уми феврали соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Муъминобод дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту суҳбат бо ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  иштирок ва суҳбат намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, барои ташаккули ҳаёти онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша чораҳои мушаххас андешида мешавад. Бо ин мақсад ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки донишу малака ва маҳорати зеҳниву ҷисмонии худро ташаккул дода, барои хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар, инчунин, пос доштани муқаддасоти миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Иброз карда шуд, ки имрӯз хоинони миллат аз дур ба пешрафту ободии ин кишвар санги маломат мезананд. Агар ҷавонони мо соҳибилму соҳибмаърифат, ватандӯсту бо садоқат бошанд ва дар ҳимояи Ватан аз як гиребон сар бароранд, он гоҳ ба душманон зафар меёбанд. Бо ин мақсад ҷавонони қишварро лозим аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба фитнаву дасисаҳои хоинон дода нашаванд.