ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор:  

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғзор” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор карда шуд. Дар мулоқот иштирок дошатанд аъзои фаъоли ҲХДТ, омӯзгорон ва сокинони деҳаи Марғзор.

Зимни суханрони нотиқон иброз доштанд, ки Пёми исолаи Президенти кишвар дарбаргирандаи ҳамаи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон буда, ба кули аз паёмҳои қаби фаркунанда буд. Зеро Пешвои миллат қайд карданд, ки “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.” Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари азизамон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор ба пеш рафта истодааст ва ин маввафақиятҳо барои миллати тоҷик беназиранд.