ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР

Фархор:  

 Бо максади муаррифи намдуни ҳунарҳои мардуми миёни хонандагон ва тарғибу ташвиқи ананаҳои миллӣ ва расму оини тоҷикона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 озмуни умумимактабии “Ҳунар беҳтар аз зар” миёни духтарон баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур хоанадагон ҳунару маҳорати ва истедодҳои дузандагию пазандагии худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, зимни суханрони муаллимаи фанни таълими меҳнати муассисаи мазкур иброз доштанд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Чунин озмунҳо барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.