ОЗМУНИ ҲАРБИИ “ВАТАНПАРВАР”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, рушд додани малакаву истеъдодҳои онҳо ва ба ин васила ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, инчунин, иҷрои нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба 31 солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таълимии миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳия бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия санаи 19 феврали соли ҷорӣ озмуни “Ватанпарвар” баргузор карда шуд. Зимни баргузории озмуни мазкур иштирокчиён маҳорату малакаи худро аз рӯи намудҳои гуногуни машғулиятҳои ҳарбӣ намоиш доданд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҷавонони бонангу номуси ноҳияи Фархор хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Чунин озмунҳои ҳарбӣ- варзишӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дошта, сатҳи омодабошӣ ва тайёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.