ДАВРИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МАСАЛЛАҲ ИДОМА ДОРАД

Фархор:  

Тули як ҳафта бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома намуд.Санаи 21-уми февралии соли ҷорӣ дар толори ватзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 –и ноҳия даври финалии мусобиқаи мазкур баргузор карда шуд. Дар даври финали 6 дастаи ғолиби даври доҳилимактаби ҷамъомада миёни ҳам рақобати ҷолиб барои дарёфти Ҷами шуъбаи маорифи ноҳия нишон доданд. Дастаи волеболбозони мактаби №61 аз худ маҳоратӣи волои варзишӣ нишон дода ғолиби мусобиқаи мазкур гардиданд. Инчунин дар даври ҷамъбастии мусобиқа намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия ва масъулони ҳизби иштирок доштанд, ба ғолибони дар вазияти тантанави ҷом ва туҳвахои хотирмон тақдим намуданд.