ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо ифрогароӣ ва терроризм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо ифрогароӣ» ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва ифрогароӣро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифрогароӣ ва терроризм барои солҳои 2016–2020» тасдиқ гардид.Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба ифрогароӣ ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ифрогароӣ ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.  

Дар Паёми соли 2015 аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуданд ва таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Чунин як таъкид дар сурате буд, ки зуҳуроти фалокатборро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоку сиёҳи худро амалӣ менамуданд. Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Сарвари давлат баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Амалҳои ғаразноки онҳо, ки таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд. Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми худ оид ба хатари терроризм ва ифрогароӣ таъкидҳо намуда, аз ҷумла соли 2016 ҳушдор дода буданд, ки хатари терроризм ва ифрогароӣ барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад». Терроризм ва ифрогароӣ душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад. Ҳодисаи террористие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, ҳисси нафратро бар дили мардуми сайёра нисбат ба ашхоси ба гирдоби ин вабои аср афтода бедор кард: «Дар Сурия кӯдаки сесола дар зери моддаҳои тарканда монд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Кӯдак дар дами марг аз пизишкон бо суханони наҷотталабона муроҷиат кард: «Маро аз марг наҷот диҳед, ман ҳам зиндагӣ кардан мехоҳам», чун илоҷи дардаш пайдо нашуд, кӯдак умедро канда гуфт: «Дар бораи амалҳои шумо ба Худованд, албатта, хабар хоҳам дод!».Ҷавонони тоҷик ҳамчун ҷавҳару такягоҳи асосии миллат, бояд дар таҳкими ватандориву ваҳдати миллӣ кӯшо бошанд. Аммо мутаассифона, вақтҳои охир бархе ҷавонони миллат аз ноогоҳиву набуди таҷрибаи кофӣ таҳти таъсири душманону хоинони миллат ва ифротгароиву тундравиҳое шудаанд, ки аз хориҷи кишвар ба онҳо таҳмил мешаванд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чунин таъкид кардааст: «Ҷавонон аз ҳамаи дигар қишрҳои ҷомеа бояд бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: борҳо таъкид намудаанд, ки: «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризму ифрогароӣро аз сар гузаронда, дар ин роҳ талафоти зиёди ҷонию молӣ дод. Акнун кишвари азизамон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовар – ифротгароиву тундравӣ ва терроризм қарор дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди таъсиррасонии фарҳангҳо дар аксари маврид ба нафъи фарҳангҳои пешрафта ва давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодию ҳарбӣ бузург будааст ва ба сари миллатҳо ва фарҳангҳои хурд фарҳанги бегона маҷбуран бор карда мешуд. Дар замони муосир ҳам ҳамин хел равандҳо арзи ҳастӣ доранд. Масалан, давлатҳо ва фарҳангҳое ҳастанд, ки дар як шароит ва дар як ҳудуди ҷуғрофӣ ҳаёт ба сар мебаранд, лекин байни онҳо муборизаи фарҳангӣ вуҷуд дошта, яке бар дигаре таҳмили арзишҳои фарҳангии худро мекунад.   Дар даврони муосир ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, барои пешигирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебояд чораҳои судманд андешида шавад, зеро шабакаҳои бисёр хавфноку дар айни замон бисёр фаъоли ифротгароиву тундравӣ ва терроризми байналмилалӣ, ки дар ихтиёри худ муосиртарин техникаву технологияи муосирро доранд, бахусус тавассути ВАО, интернет ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба сафҳои худ ҷалб карда истодаанд. Ҷавонону фарзандони моро душманони ислом ва миллату давлат ба душмани ҷонии худи мо табдил дода истодаанд. Ин монанд ба он аст, ки модар фарзандашро ба ноз тарбия кунаду ин фарзанди нохалаф корд оқибат ба гулӯи модар гузорад.  Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари ҷавононе, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд ҷавоне ҳастанд, ки дар бораи арзишҳои баланди дини мубини ислом иттилооти кофӣ надоранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Воридшавии бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористию ифротгароӣ якчанд сарчашма дорад:

1. Пеш аз ҳама ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, оҳиста-оҳиста аз ҷониби гурӯҳу ҳизбҳо ва мактабҳои ифротгароию террористӣ мағзшӯӣ мешаванд ва ба куллӣ пойбанди таълимоти ин гурӯҳу мактабҳо шуда, ба душмани сарсахти миллату давлати худ табдил меёбанд. Ҷалби ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар яке аз марҳилаҳои ибтидоии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои ифротгароиву террористӣ мебошад. Хушбахтона, аксарияти толибилмони тоҷик, ки дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шудаанд. Онҳое, ки ҳанӯз ҳам барнагаштаанд, бидуни шубҳа ба манфиати душманони ислом ва кишвари азизамон истифода мешаванд ва дар оянда хатари ҷиддие барои амнияти кишвар эҷод хоҳанд кард. 

2. Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар собиқ кишварҳои Шӯравӣ (Руссия, Қазоқистон ва ғ.) ба сар мебаранд, аз ноогоҳиву камтаҷрибагӣ тавассути аъзоёни гурӯҳу равияҳои ифротиву террористӣ ба сафи онҳо ҷалб мешаванд. Ба воситаи роликҳои видеоии интернетӣ ва бевосита дар масҷидҳои ин кишварҳо ҷавонони тоҷик ба тарғиботи зиддимиллию зиддидавлатӣ фаро гирифта мешаванд ва солҳои тӯлонӣ, зина ба зина ба душманони миллату давлати мо табдил меёбанд. Агар ин ҷавонони мо дар дохили кишвар ба таҳсилоти кофии диниву сиёсӣ фаро гирифта шаванд ва моҳияту ҳадафи гурӯҳҳои ифротгароиву террористиро ба хубӣ дарк намоянд ва агар хуб донанд, ки таълимоти дини мубини ислом ҳаргиз ба зӯровариву хушунат ва таҳаммулнопазирӣ ва ифротгароиву террористӣ даъват намекунад, ҳаргиз ба ин гурӯҳу равияҳои хавфнок шомил намешаванд. Аз ин рӯ, нахуст ҷавонони кишвар бояд ба таълимоти амиқи динии мазҳаби ҳанафия фаро гирифта шаванд ва аз авзои сиёсии ҷаҳон огоҳ бошанд, таъриху таълимот ва ҳадафҳои равияҳои диниву сиёсии ҷаҳониро хуб донанд. Барои ба ин ҳадаф ноил шудан, бояд дар макотиби миёнаву олии кишварамон фанҳои диншиносӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври амиқ бо дастовардҳои амиқи илми муосир дарс гуфта шавад ва ҷавонони ватан бояд аз ин фанҳо имтиҳоноти давлатӣ супоранд. Агар мо ин корро накунем, душманони ислом ва миллату давлати мо ба ҷои мо мағзи сари тиҳии ҷавонони моро бо таълимоти даҳшатноки худ пур хоҳанд кард, ки ҳаргиз ба манфиати давлату миллати мо нахоҳад буд. Ғайр аз ин, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар бояд аз ҷониби сафоратхонаву консулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои тоҷикони дар ин кишварҳо мавҷудбуда мунтазам таҳти назорат ва ҳимояву сарпарастӣ ва дастгирии домӣ қарор гиранд. Дар ҳар як иду маъракаҳои диниву ҷамъитятӣ ба ҷавонони муҳоҷири меҳнатии тоҷик уламои илму дин бо муҳтавиёти баланди илмиву динӣ дар робита бо мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, арзишҳои баланди исломӣ, авзои мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таълимоту ҳадафҳои хатарноки равияву гурӯҳҳои ифротиву террористӣ маърӯзаҳо қироат кунанд. Мо шоҳид он будем, ки борҳову борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба Руссия сафар карда, бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯриҳо доштанд ва ҷавонони тоҷикро ба худшиносию ваҳдати миллӣ ва фирефта нашудан ба иғвои душманони миллату хоинони дини ислом даъват карда буданд. Бояд ин кори Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони сафоратхонаву консулҳо ва ҷамъиятҳои мазкур дар кишварҳои хориҷа бо ҷиддияти том идома диҳанд. 

3. Шабакаҳои истихборотии интернетӣ ва ВАО-и баъзе кишварҳои хориҷӣ доимо дар паи иғвоангезӣ ва ситезаҷӯӣ буда, тавассути техникаву технологияҳои пешрафтаи муосир дохилу хориҷи кишварамон ба интишори китобу китобчаҳо, варақаҳо ва видеороликҳои бисёр хатарнок машғуланд. Ҳадафи онҳо (бо ҷалби мухолифони давлату миллат дар дохилу хориҷи кишвар) низову нифоқандозӣ дар ҷомеа буда, ҷавононро ба амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ даъват мекунанд ва ба нобасомониву парокандагии миллӣ боис мегарданд. Бино бар ин, дар муқобили ҳар як китобу китобчаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ ва видеороликҳои ташфиқотии онҳо бояд маводди зарурӣ дар сатҳи ниҳоят баланди илмӣ-оммавӣ омода карда шавад, то ин ки ҳамаи амалу фаъолиятҳои тарғибу ташфиқотии душманони миллату давлат ва ислом хунсо карда шавад ва ҷавобгӯи талаботи рӯзафзуни ҷавонони муосири мо бошанд ва зарбаи қатъӣ ба онҳо гуфта тавонанд. Барои ба ин ҳадаф расидан, ниҳодҳои махсуси давлатӣ таъсис додан шарт ва зарур аст. Дар ин ниҳодҳо ҷавонони донишманду закии миллат бояд ба кор ҷалб шаванд, зеро онҳо андешаву ҳиссиёт ва талаботи рӯзмарраву рӯзафзуни ҳамсолони худро хуб дарк карда метавонанд. 

Дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ қувваҳои алоҳида меистанд. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасонии мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадашон нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Дар гирифтани маълумоти ғаразноки динӣ нақши зиёд доштани воситаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет ташвишовар аст, зеро дар он на ҳамеша маълумоти динӣ холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад. Баробари густариши ҷомеаи иттилоотӣ таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ташкили афкори омма пайваста густариш меёбад. Расона ва технологияҳои иттилоотӣ абзори қавии «шустани мағзҳо» мебошанд, ки ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳҳои ҷомеаро тағйир медиҳанд ва танзим менамоянд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундрав истифода мешаванд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва «Одноклассники», ҳамчунин, мессенҷерҳои WhatsApp, Viber, Telegram ва ғайра гурӯҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «ДИИШ», «Ҳизбу-т-таҳрир», салафия ва ғайра фаъолона амал мекунанд. Зимни таҳлили қисми тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон истифодабарандагони онро аз нигоҳи меъёри тундрав будан ба гурӯҳҳои зерин тақсим кард:

1. Ба гурӯҳи аввал афроде шомил аст, ки таълими диниро дар кишварҳои хориҷӣ гирифтаанд ё дар кишварҳои хориҷӣ донишҷӯ мебошанд. Муҳтавои фаъолият ва маводи пешниҳоднамудаи онҳо ба масъалаҳои имонӣ ва фаризаҳои динӣ марбут буда, бештар суннат ва маросимҳои мардумӣ ва фаҳмиши суннатии исломро, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, зери танқид қарор медиҳанд ва онҳоро ба унвони «бидъат», «хурофот» ва «дур шудан аз исломи ноб» муаррифӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо, рӯҳониёни суннатӣ аз аслҳои исломӣ дур шуда, дар таҷрибаи худ ба сарчашмаҳои муътабари динӣ, яъне Қуръон ва суннат такя намекунанд. Намояндагони ин гурӯҳ гӯиё ба масъалаҳои сиёсӣ аҳамият надода, ба масъалаҳои динӣ машғуланд. Аммо ин дар зоҳир аст. Фаъолони гурӯҳ бо коҳиш додани эътибори рӯҳониёни исломи суннатӣ дар байни ҷомеаи кишвар, бахусус насли ҷавон, заминаҳоеро барои пазируфтани ақидаҳои тундрав эҷод мекунанд ва мо бояд ба ин роҳ надиҳем.Гурӯҳҳои ифротии миллатгароёна хусусиятҳои гуногун дошта, одатан дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон амал мекунанд. Гурӯҳҳои ифротие, ки дар ҷаҳон амал мекунанд, хислатан ва табиатан самти миллатгароёнаю мазҳабӣ доранд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки масъалаи миллию мазҳабӣ ва умумияти этникиашонро дар асоси риояи тамоми меъёрҳои адолат ҳаллу фасл намоянд, чунки онҳо манфиатҳои ҳамон гурӯҳи этникиро ҳимоя менамоянд. Ҷонибдорони ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалӣ мамнӯъ эълон шудаанд, гурӯҳи дуюмро ташкил мекунанд. Вижагии аслии фаъолияти ин гурӯҳ он аст, ки онҳо аз ақида ва эътибори ислом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ истифода мебаранд. Коршиносон медонанд, ки аксари ҷараёнҳои диние, ки аз номи ислом баромад мекунанд, дар асл барномаҳои бузурги қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошанд, ки ҳадафи онҳо аз байн бурдани амният дар кишвару минтақа барои расидан ба манфиатҳои сиёсии худ мебошад. Таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа «Фейсбук» ва «Одноклассники» нишон медиҳад, ки намояндагони ҷараёнҳои динии ғайриқонунӣ ақида ва дидгоҳҳои худро ба таври ошкор баён медоранд ва аз неруву имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи онҳо истифода мебаранд. Бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии аъзои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони гурӯҳ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳои худ табдил диҳанд.

Таҳлили муҳтавои дидгоҳҳои гурӯҳ нишон медиҳад, ки намояндагони ин ҷараёнҳо ҳам исломи суннатӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд, намепазиранд. Зимнан, намояндагони ин гурӯҳҳо, ба вижа «ДИИШ» ва «Ҳизбу-т-таҳрир» ниҳод, рамз ва нишонаҳои давлатӣ, масалан, марзҳои давлатиро қабул надоранд ва даъвои хилофати ҷаҳонӣ мекунанд.

Мушкилии таҳлил ва баррасии равандҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо хусусияти ҷаҳонӣ доранд. Масалан, намояндагони ҳаракатҳои мамнӯъ берун аз кишвар қарор доранд ва фаъолияти худро бо истифода аз номҳои мустаор пеш мебаранд.

Ба гурӯҳи сеюм «Исломгароёни сиёсӣ», ҳамчунин, баъзе аз тарафдорони моделҳои гуногуни исломи сиёсӣ шомил мебошанд. 

Метавон гуфт, ки дар даҳсолаи охир шабакаҳои иҷтимоӣ ба як неруи қавӣ барои ташаккули афкори омма ва зербинои муколамаи гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мубаддал гаштаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, бешубҳа, дорои таъсири мусбат дар фазои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ низ ҳастанд, аммо истифодаи онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротию тундрав метавонад таҳдиду хатарҳои нав барои амният ва манфиатҳои миллӣ, бавижа амнияти иттилоотӣ эҷод созад. Ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният ниёз ба истифода аз неруҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навин барои тақвияти суботи давлат доранд. Дар ин самт натиҷагирӣ ва пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ менамоянд:

Ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният воситаи муҳимми рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошанд. Барои ин бояд аз неру ва имконияти мавҷуда дар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ барои омӯзиши пайвастаи вазъи таблиғи андешаҳои тундраву ифротӣ истифода барем, то ба масъалаи таҳлили муҳтавои фазои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз методология ва технологияҳои муосир аз ҷониби ниҳодҳои марбута таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.

Омӯзиши муҳтавои расонаҳои ватанӣ нишон медиҳад, ки он бештар хусусияти тасвирӣ дошта, маводи арзишманди таҳлилӣ камтар ба назар мерасад. Барои пешгирии таъсири ифротгароии динӣ ва тундгароӣ бояд ҳамкории расонаҳои миллӣ бо коршиносон ва марказҳои илмӣ-таҳлилӣ тақвият ёбад. Бояд гурӯҳҳои доимоамалкунанда аз ҳисоби коршиносони соҳаҳои гуногун бо мақсади пайгирӣ ва таҳлили вазъи ифротгароию тундгароӣ таъсис дода шаванд. Ин равиш барои омӯзиши амиқи масъала ва андешидани чораҳои муносиб барои коҳиши сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар афкори иҷтимоӣ имконият фароҳам меоварад. Истифодаи неру ва имкониятҳои рӯҳониёни суннатӣ барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар роҳи мубориза бо таъсири ҷараёнҳои бегонаи динӣ ба афкори ҷавонон низ аз аҳаммият холӣ нест. Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон таъсири ин гуна мавод дар байни ҷавонон пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Муњаќќиќи тољик Мањмадизода Н.Д. дуруст ќайд мекунад, ки дар пушти гурӯҳҳои мухталифи ҷавонон, ки роҳу воситаҳои ифротии муборизаро пеша кардаанд, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои сиёсӣ, ҳизбҳои хусусияти тундравӣ дошта, фирқаҳои таассубгаро, ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ ва одамони алоҳидаи манфиатхоҳ меистанд. Мушоҳида мешавад, ки ҷавҳари тамоми ҳаракатҳои ифротгароӣ-сиёсӣ ва диниро ҷавонон ташкил медиҳанд. Гуфтан зарур аст, ки роҳбарони гурӯҳҳои ифротгароӣ-динӣ зиёдтар дар байни ҷавонон тарғибу ташвиқоти динӣ-сиёсӣ ва идеологӣ бурда, сафашонро аз ҳисоби ин гурӯҳи фаъоли аҳолӣ пурра мегардонанд.  

4. Паст будани савияи дониши баъзе ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маҳбасҳои Тоҷикистон 1500 нафар бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм адои ҷазо мекунанд. Ба бовари сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон, маҳз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ манбаи асосии тарғиби ақидаҳои таҳаммулнопазирӣ, тундравонаву ифротӣ дар маҳбасҳо ҳастанд. 

Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму ифрогароӣ, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварем:

– баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон;

– ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар;

– баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон;

– ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар фарогирандаи масъалаи ахлоқӣ баррасӣ карда шавад;

– ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст;

– рушди корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат равона карда шудааст, ташаккули маҳорати ҳамгироии иҷтимоӣ, малакаи таҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар;

– баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати ифрогароиро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд;

– танзими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирикунанда, бо усулҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҳамбастагии мураккаби онҳо;

– маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, маҳрум намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани онҳо аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои қонунӣ ва ҷиноятии террористон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла, маҳдуд кардани ифротгарону террористон аз манбаъҳои пурра кардани силоҳ ва воситаҳои техникӣворидот ва фурӯши яроқ.

Хулоса, вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро амалӣ намояд. Ба кори таълиму тарбияи фарзандон, пурсамар гузаштани вақти онҳо, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмӣ, фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – ифротгароӣ ва терроризм маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохтор, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем. 

 

ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

таҳия ва пешниҳоди мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ