29 МАЙ ҲАМА БО ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО!

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Охири ҳафтаи ҷорӣ-29 май дар доираи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" тозакунии қабристонҳо эълон мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки дар доираи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" ҳар рӯзи якшанбеи охири моҳ дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳашари муштараки тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳо доир мегардад. Ҳар касе мехоҳад кори хайре намояд, пас, марҳамат ба "Рӯзи ёдоварӣ"; метавонед саҳми худро бевосита, бо иштироки худ ва ё ба воситаи шахсони боэътимод дар шакли дастгирии моддию молиявӣ гузоред.