ВАТАНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
 Яке аз масъалаҳои ҳалталаби замони муосир ,ки дар минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддиро ба миён овардааст,ин суръатёбии раванди даҳшатафканӣ терроризм,экстремизм ва тундгароиӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти баамаломада бозгӯи он аст,ки терроризм , тундгароӣ ва ифротгарои дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда , мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамоянд. Имрӯзҳо ҷинояткорон дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни силоҳро интихоб намуда , ба давлатҳои мустақил муқобилияти шадид нишон медиҳанд,ки аз хатари аслии терроризм , тундгароӣ ва ифротгароӣ ба ҷомеа шаҳодат медиҳад. Дар як қатор кишварҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта , шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба ташвиқу таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Имрӯзҳо ба назар мерасад,ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро саъю талош доранд,ки бо истифода аз дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро тавассути роҳи фиреб ба сиёҳкори ҷалб карда , баҳри амалишавии мақсадҳои нопоки хеш истифода намоянд. Аз ин лиҳоз ,ба ҳар як шарванди баору номуси ҷомеа , бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷангҳои фитнаангез дар хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода ,нисбат ба ин масъалаи ниҳоятдараҷа муҳим бетарафӣ зоҳир накунанд. Ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дуруст ва қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда , барои бунёди ҳаёти осоиштаву шоиста ба меҳнати ҳалолу фоидаовар ба нафъи ҷамъият машғул гардида , барои бартараф кардани муаммрҳои умумиҷамъиятӣ саҳмгузор бошад. Дар ин маврид мо метавонем , ки давлату миллатамонро аз ҳавр гуна зуҳуроти номатлуби замони муосир ҳифз намоем.
 
Абдусамиров Хайриддин-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ