ҲХДТ-КОРҲОИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

А.Ҷомӣ:  
Санаи 10.02.2024 дар асоаси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, ва дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар ноҳия аз ҷониби ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди боғи фарҳангии ноҳия шанбеги дастаҷамъона гузаронида шуд.
Ҳаминро бояд қайд намуд,ки дар назди боғи фарҳангии ноҳия корҳои таъмиру азнавсози бо маром идома дошта тамоми ҳизбиён дар раванди тоза намудани гирду атрофи боғ ,сарсабз намудани гирду атрофи боғ ва ҷуйбори обгузар саҳми назаррас доранд.