КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

А.Ҷомӣ:  
Санаи 10.02.2024 дар асоси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар ноҳия аз ҷониби аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ватандӯстон” роҳбараш Иззатов Тағойбек дар назди боғи фарҳангии ноҳия шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар назди боғи фарҳангии ноҳия корҳои таъмиру азнавсози бо маром идома дошта тамоми ҳизбиён дар раванди тоза ва сарсабз намудани гирду атрофи боғ саҳми назаррас доранд.