Мо ҷавонон ба хусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсузу ғамхор дорем ва ифтихорманд аз онем, ки ҷавонони саодатманди кишвар ва созовори боварии боэътимоди Пешвои миллат гардидаем. 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд, ки аксарияти аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии хеш таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд.Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Мо ҷавонон хушнуд аз он ҳастем, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон руз то руз зиёд гардида истодааст.Мо бояд ба қадри ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумӯи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем. Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандустии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои сазандаю бунёдкорона фоъолияти хешро равона месозем.Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Самадзода Саёҳат –Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ