ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ИНСОН АСТ

Фархор: Андеша  

 Ватан чи қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шуда ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳизи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолити давлати хеш ҷони худро дареғ намедоштанд. Ҷавонмардию ватандӯстӣ аз ниёгон ба мо мерос монда, муқаддас будани Ватанро волидони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

         Ватан ноёбтарини сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас мебошанд. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.

 

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор  Мирмадиева А.