БА РОҲ МОНДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

А.Ҷомӣ:  
Санаи 10.02.2024 дар асоаси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар ноҳия аз ҷониби аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Башардустон” роҳбараш Наҷмиддинов Сафарбек дар назди боғи фарҳангии ноҳия шанбеги дастаҷамъона гузаронида шуд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар назди боғи фарҳангии ноҳия корҳои таъмиру азнавсозь бо маром идома дошта, тамоми ҳизбиён дар раванди тоза ва сарсабз намудани гирду атрофи боғ ва ҷуйбори обгузар саҳми назаррас доранд.