Маҳсули ранҷи хоҷагидорони меҳнатдӯст ба бозор ворид гардид.

Восеъ:  

Самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани чанд ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди деҳқонон ва кишоварзон гузоштаанд. Замин меҳнати ҷиддӣ талаб мекунад. Халқи мо мақоле дорад, ки дар он мегӯяд: «Агар ту ба замин муносибати дуруст кунӣ, он туро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад»Вобаста ба гуфтаҳои боло дар ноҳияи Восеъ сокинон ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Сокинон маҳсули меҳнати худро ҳам барои худ нигоҳ медоранду ва ҳам ба бозор мебароранд ва бо ин роҳ зиндагии хешро рангинтар менамоянд. Ягона хоҷагии ниҳолпарварии минтақаи Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ мебошад. Инак маҳсули ранҷи онҳо ба бозори Сешанбе, ки дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати мазкур мебошад, ворид гардид. Сокинон, боғпарварон ва дӯстдорони ҳуснороӣ метавонед ҳамагуна дарахтони мевадиҳандаву ороиши аз ин ҷо дастрас намоед.